Абдулвоҳид Шамолов, сардори шӯъбаи таҳияи стратегияи миллӣ ва барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии Маркази тадқиқоти стратегӣ, дар яке аз нишастҳои хабарии соли 2008-ум гуфта буд, ки мубориза бар зидди вазирону мансабдорони ришвахор ба амнияти кишвар хатар дорад. Ба бовари вай, мубориза бар зидди фассод дар кишвар набояд дар шакли пурраи репрессивӣ сурат бигирад, зеро ба қавли ӯ, ин боиси ташаннуҷи вазъ дар мамлакат хоҳад шуд.
Оқои Шамолов аз вазъи солҳои навадум ёдрас намуда , гуфт, дар пайи репрессияи дар солҳои 90-ум ба вуҷудомада зери ниқоби ашхоси сарватманд афроди бегуноҳу бомаърифат, аз чумла, устодони мадрасаҳо зиндонӣ шуданд. Дар натиҷа ба маърифати миллати тоҷик теша зада шуд. Абдулвоҳид Шамолов: «шумо мехоҳед, ки тавассути як ё ду вазире, ки ба маҳбас кашида мешаванд, фассодро аз ҷомеъаи Тоҷикистон аз байн баред? Ин ғайриимкон аст. Имрӯз агар он Эшматро аз байн барем, пагоҳ Тошмат ба вуҷуд меояд. Хадафи ман шахсан мубориза бар зидди шахсиятҳо дар Чумҳурии Точикистон нест ва чунин ҳадафро хам дар назди худ ҳеҷ гоҳ намегузорам. Хадафи ман ин аст, ки ба муқобили ин зуҳури номатлуб, коррупсия ,дар ҷомеъа мубориза бурда шавад.»
Дӯстмуҳаммади Дӯст, раиси Бунёди демократия низ мубориза бо фассод дар сатҳи раҳбарони вазорату муассисаҳо ба амнияти кишварро хавфнок унвон кард . Дӯстмуҳаммади Дӯст авзуд: «мубориза бо мансабдорони ришвахор аз он ҷиҳат хатар дорад, ки онҳо аксуламал нишон медиҳанд, ба он хотир, ки маблағу пул доранд. Аммо имрӯз вақти он аст, ки давлат бояд то чо дараҷае қави бошад, ки аз дузду авбоши мухталиф натарсад.»
Дӯстмуҳаммади Дӯст таъкид дошт, модом, ки ҳамеша чандин устоди ин ё он донишгоҳу донишкада бо иттиҳоми гирифтани ришва боздошт мешаванду , вазирон аз ин канор мемонанд, чунин ҳолат далели он аст, ки дар Тоҷикистон фассоди молӣ тамоми қишрҳои ҷомеъаро фаро гирифтааст. Дар ҳамин замина ба бовари Раҳматилло Валиев, муовини раиси ҳизби демократ , дар кишвар фассоди молӣ то дараҷае ба авҷи боло расидааст, ки Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳо хамчун як давлати фассодзада муаррифӣ шудааст. Ва имрӯз, ба гуфтаи ӯ, фассод дар мамлакат то ҳадде зиёд шудааст, ки он амнияти кишварро заъиф сохтааст. Раҳматилло Валиев: «аз руйи таҳлилҳои коршиносони дохиливу хориҷӣ муайян шудааст, ки бисёре аз мақомоти болоии давлат дар фассоди моли даст доранд. Вакте ки мақомоти болои дар фассод даст доранд, барои дастгир кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо монеъаҳои зиёд пеш меоянд. Он нафароне, ки миллионҳо долларҳоро ҳамчун фассод истифода мекунанд, мақомоти дахлдор ин афродро ба ҷавобгарӣ кашида наметавонанд. Аз ин нуқтаи назар фассоди моли амнияти кишварро халалдор мекунад.»
Ин дар ҳолест, ки ба андешаи коршинос Зафар Абдуллоев мубориза бо фассод дар сатҳи болоии давлат сурат намегирад. Ба ақидаи вай, мубориза бо мансабдорони ришвахор аз ҳамин лаҳза бояд шурӯъ шавад, зеро мубориза бо онҳо ба амнияти кишвар ҳеҷ хатаре надорад. Зафар Абдуллоев мегуяд: « дар мубориза бо коррупсия бояд ҳеҷ гуна маҳдудият гузошта нашавад. Барои мубориза ҳеҷ гоҳ вақт маҳдуд нест. Бинобар ин онро набояд аз фардо, балки аз ҳамин ҳоло шурӯъ намуд».
Аммо Абдулвоҳид Шамолов афзуд, айни замон Тоҷикистон барои суръат бахшидан ба мубориза бо фассод омода нест, чунки он боиси сар задани вокеъаҳое монанди солҳои навадум мегардад ва эҳтимолан, мардумро мувоҷеҳи ташаннуҷ месозад. Вай бар ин бовар аст, ки ин мубориза бояд тадриҷан сурат бигирад ва тамоми афроде, ки дар фассод даст доранд, қонунан ҷазо бигиранд. А. Шамолов .» имрӯз инҳо аз ботин давлати моро мехӯранд ба мисли кирми даруни себ, ки себро аз дарун мехӯрад. Онҳо имрӯз иктисоди моро кассод мекунанд. Онҳо имрӯз ҳолати иҷтимоии ҷомеъаи моро ба ҳалокат дучор кардаанд. Инҳо хоин ҳастанд ва дигар нисбат ба инҳо гап надорам. Чи тавре ки президенти Тоҷикистон ба хотири ҳаштодумин солгарди пракуратураи Точикистон гуфт, инҳо даюс ҳастанд. Ришвахорон даюсоне ҳастанд, ки онхо бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Оё ин амалро ки онхо анҷом медиҳанд ва аз ҳисоби халқ мехӯранд, магар аз руйи суннат аст, аз руйи шариат аст? Нест! Инҳо хоин ҳастанд!
Рубрика: Uncategorized | 1 комментарий »

